Клиникаи ҳуқуқии байналмилалӣ “КАФОЛАТ” – ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда мақсади расонидани ёрии бепули ҳуқуқиро ба шаҳрвандон, соҳибкорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ дорад.
Ҳамчун қоида, клиникаи ҳуқуқӣ дар назди муассисаҳои олии таълимӣ ташкил карда шуда барои ба донишҷўён, таҳқиқотчиён пешкаш намудани имконияти ба даст овардани малакаи маслиҳатдиҳӣ, ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Баробари ҳамин, ба омўзгорон баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбӣ, татбиқ намудани донишҳои худ дар таҷриба мебошад.
Аввалин маротиба мафҳуми «клиникаи ҳуқуқӣ» аз ҷониби Мейер Дмитрий Иванович соли 1855 дар мақолаи илмӣ «Оиди моҳияти таҷриба дар низоми таҳсилоти ҳуқуқӣ» истифода шудааст. «Барои худ ин ифодаро мансуб медонад, бо назардошти он, ки клиника худ танҳо татбиқи донишҳо дар амалро мефаҳмонад».
Клиникаи мазкур дар сохтори Парки технологии ДДҲБСТ таъсис дода шудааст. Фаъолияти худро баҳри расонидани кўмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, соҳибкорон оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, заминдорӣ, пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандию гурмукӣ ва ғайра пеш мебарад. Ҳамчунин, масъалаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доираи фаъолияти клиника мансуб дониста шуда аз тарафи устодон,