Клиникаи ҳуқуқии байналмилалӣ “КАФОЛАТ” – ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда мақсади расонидани ёрии бепули ҳуқуқиро ба шаҳрвандон, соҳибкорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ дорад.
Ҳамчун қоида, клиникаи ҳуқуқӣ дар назди муассисаҳои олии таълимӣ ташкил карда шуда барои ба донишҷўён, таҳқиқотчиён пешкаш намудани имконияти ба даст овардани малакаи маслиҳатдиҳӣ, ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошад. Баробари ҳамин, ба омўзгорон баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбӣ, татбиқ намудани донишҳои худ дар таҷриба мебошад.
Дар назди клиникаи ҳуқуқии байналмилалӣ “КАФОЛАТ” шўрои машваратӣ таъсис дода шудааст. Ба ҳайати шўро шомил гардидаанд: Исмоилов Ш. А. – д.и.ҳ., профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент (Ўзбекистон), Панютин С. А. – н.и.ҳ., доцент, муовини директори ширкати адвокатии «Панютин и партнёры» (Русия, Маскав), Белых В. С. – д.и.ҳ., профессор, Донишкадаи ҳуқуқ ва соҳибкории ДДҲУ (Русия, Екатеринбург), Акилов Ф. И. – н.и.ҳ., директори ТҶ «Фардис», ва дигар ҳамкорони ватанӣ.
Дар доираи фаъолияти шўрои машваратӣ масъалаҳо оиди такомули қонунгузории ҷорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон дар соҳаи ба амалбарории фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, муносибатҳои шартномавӣ, ҳаллу фасли баҳсҳои хоҷагидорӣ, имконияти пешкаш намудани хизматрасиониҳо дар барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва ғайра ба амал бароварда мешаванд.